Гутерриш ҳамла ба намозгузорони масҷиде дар Афғонистонро маҳкӯм кард
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал ҳамлаи террористӣ ба намозгузорони масҷиди гузаргоҳи шаҳри Ҳироти Афғонистонро маҳкӯм кард.
Рӯзи ҷумъа масҷиди ҷомеъи Гузаргоҳ дар Ҳирот, шоҳиди инфиҷоре хунин буд. Дар ин инфиҷор теъдоди зиёде, аз ҷумла Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, хатиби масҷид ба шаҳодат расиданд.
Бар асоси баёнияи мунташир шуда аз сӯи мақомоти амниятии Ҳирот, ин инфиҷор, ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъӯлияти онро бар ӯҳда гирифт, ҳамзамон бо баргузарии намози ҷумъа рух додааст.
Токунун омори дақиқе дар ин иртибот эълом нашудааст.
Бархе манобеъ омори намозгузорони шаҳидро 30 нафар ва маҷрӯҳони ин инфиҷорро даҳҳо нафар гузориш кардаанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ бо таслият ба хонаводаҳои қурбониён ва ибрози ҳамдардӣ бо онон ва барои беҳбудии масдӯмони инфиҷор орзӯи беҳбудӣ кард.
Гутерриш таъкид кард, ҳаққи озодии мазҳаб ҳамеша бояд мавриди ҳимоят қарор бигирад.
Афғонистон аз замон ба қудрат расидани Толибон дар августи соли 2021, борҳо шоҳиди амалиёти гурӯҳи террористӣ ДИИШ будааст. Масъулияти аксари ҳамалоти инфиҷорӣ дар Афғонистон бавижа дар масоҷидро ин гурӯҳи террористӣ ба ӯҳда гирифтааст.
Бештар бихонед: