Дидори мақомоти Қазоқистону Туркманистон
Муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар дидор бо ҳамтои туркмани худ дар мавриди вазъияту дурнамои ҳамкорӣ байни ду кишвар табодули назар кард.
Муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон ва муовини вазорати умури хориҷаи Туркманистон дар ин дидор дар мавриди вазъият ва чашмандози тавсеаи ҳамкории Қазоқистону Туркманистон дар қолабҳои дуҷонибаву чандҷониба ба тафсил баҳсу табодули назар карданд.
Иҷрои тавофуқоти ҳосил аз сафари давлатии Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ба Туркманистон дар октябри 2021 ва ҳамчунин омодагӣ барои мушорикати тарафи туркман дар рӯйдодҳои байналмилалии октябри имсол, аз ҷумла конфронси таомулу эътимодсозӣ дар Осиё, нишасти сарони кишварҳои ИДМ ва “Осиёи Марказӣ – Русия» дар пойтахти Қазоқистон мавриди тавваҷуҳи вижаи ду тараф қарор гирифт.
Дар поёни ин дидор дар мавриди идомаи ҳамкории муштарак байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Қазоқистону Туркманистон бо ҳадафи тақвияти бештари равобит байни ду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.