Сентябр 05, 2022 14:14 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиш ва парвариши давлати муваққати Толибон
    Омӯзиш ва парвариши давлати муваққати Толибон

Раиси барномаи тавсеаи пойдори омӯзиши Амрико дар иқдоме мудохилаҷӯёна аз тасмими кишвараш барои роҳандозии омӯзиши бархат барои кӯдакону ҷавонони Афғонистон хабар дод.

Ин тасмими Амрико дар ҳолест, ки низомиёни ин кишвар пас аз 20 соли ишғолгарӣ дар Афғонистон ва бо иртикоби ҷиноёти бешумору нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ, беҳдоштӣ ва омӯзишӣ авохири моҳи августи 2021 ин кишварро тарк кардаанд, ҳозир нестанд Афғонистонро ба ҳоли худ раҳо кунанд ва ҳамчунон ба ановини мухталиф дар умури афғонҳо дахолат мекунанд.

Вазорати маорифи давлати муваққати Толибони Афғонистон бо интишори баёнияе бидуни тавзеҳи бештар дар заминаи омӯзиши кӯдакони афғон аз тарафи Амрико эълом кард, Нуруллоҳи Мунир, вазири ин вазоратхона аз ин тасмим барои хадамоти омӯзишӣ барои афғонҳо қадрдонӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки давлати Толибон аз замони ба қудрат расидан дар Афғонистон (15 августи соли 2021) ба духтарони болои пояи шашум иҷоза надод ба мактаб бираванд.