Сентябр 07, 2022 18:56 Asia/Dushanbe
  • Содироти ангишти Қазоқистон ба Аврупо рекорд зад

Қазоқистон тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ 6.4 миллион тон ангишт ба Аврупо содир кард.

Арзиши мизони ёдшудаи содироти ангишт 371.8 миллион доллар аст.

Қазоқистон дар соли 2021 ба кишварҳои аврупоӣ 5.2 миллион тон ангишт содир карда буд ва тайи солҳои қабл низ ҳаҷми содироти он аз ҳудӯди 4 миллион тон таҷовуз намекард.

Воридкунандагони аслии ангишти Қазоқистон дар Аврупо Швейтсария (4.5 миллион тон), Полша (723 ҳазор тон), Қибрис (687 ҳазор тон) ва Белгия (213 ҳазор тон) ҳастанд.

Ҳамчунин Булғористон, Англия, Руминия ва Латвия низ аз кишварҳои масрафкунандаи ангишти Қазоқистон башумор мераванд.