Сентябр 12, 2022 13:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ
    Ҳамкории Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар дидор бо мақомоти Арабистони Саудӣ дар хусуси заминаҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.

Мухтор Тилауберди, вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар ҳошияи сафар ба Арабистони Саудӣ бо мақомоти расмӣ ва руасои ширкатҳои бузурги ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Тилауберди дар музокрот бо Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ, вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ бар алоқамандии Қазоқистон нисбат ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо сармоягузорони Саудӣ дар заминаҳои санъати петрошимӣ, энержии сабз, маодин ва ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо мудирияти ширкати «SABIC» дар мавриди чашмандози иҷрои пружаҳои сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои химия, петрошимӣ ва тавлиди нуриҳои минералӣ баҳсу табодули назар кард.