70 миллиарддоллар чашмандози тиҷорати Чин ва Осиёи Марказӣ то соли 2030
(last modified Wed, 14 Sep 2022 04:35:17 GMT )
Сентябр 14, 2022 09:35 Asia/Dushanbe
  • 70 миллиарддоллар чашмандози тиҷорати Чин ва Осиёи Марказӣ то соли 2030

Раиси ҷумҳури Чин, чашмандози тиҷорат бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ то соли 2030-ро 70 миллиард доллар эълом кард.

Дар хилоли нишасти маҷозии Чин - Осиёи Марказӣ дар январи 2022 ба муносибати 30-умин солгарди равобити дипломатӣ, Си Ҷипин чашмандози тиҷорат байни Чин ва 5 кишварро барои расидан ба 70 миллиард доллар то соли 2030 тарсим кард ва гуфт, ки Пекин омодааст то колоҳое бо кайфияти бештаре аз ин кишварҳо ворид кунаду сатҳи ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ ва фанновариро боло бибарад.

Осиёи Марказӣ як дарвозаи калидӣ дар масири қатори бории ғарби Чин ба Аврупо аст. Аз моҳи июл, ин каридори ҳамлу нақли рейлӣ, ки дар соли 2011 роҳандозӣ шуд, беш аз 57 ҳазор сафар анҷом дода ва 5.3 миллион тон коло ба арзиши наздик ба 300 миллиард доллар ҳамл кардааст. Бар асоси гузориши Академияи улӯми иҷтимоии Чин, роҳандози қаторҳои бории Чин - Аврупо, замони ҳамли коло байни Қазоқистону Аврупоро 5 баробар коҳиш додааст.

Дар иҷлоси январ, раисиҷумҳури Чин гуфт, ки Чин 500 миллион доллари кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳимоят аз барномаҳои тавсеа ва ироаи 5 ҳазор миз дар семинарҳо ва коргоҳҳои омӯзишӣ барои кумак ба минтақа барои омӯзиши мутахассисон дар заминаҳое монанди беҳдошт, тавсеаи кишоварзӣ ва фанноварии иттилоот ироа хоҳад кард.