Сентябр 14, 2022 10:24 Asia/Dushanbe

Донишҷӯёни Донишгоҳи Балх дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки бо гузашти наздик ба як моҳ аз оғози соли таҳсилии ҷадид, ҳанӯз бо камбуди устод мувоҷеҳ ҳастанд.

Ба гуфтаи донишҷӯёни Донишгоҳи вилояти Балх, масъулони Толибон, афроде, ки соли гузашта дар мақтаи лисонс фориғуттаҳсил шудаандро ба унвони устоди донишҷӯёни давраи лисонс истихдом кардаанд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Балх илова бар камбуди устоди ботаҷриба, ба далели тафкики ҷинсиятӣ танҳо се рӯз дар ҳафта метавонанд ба донишгоҳ бираванд.

Як донишҷӯ, ки хост номаш фош нашавад гуфт, духтарон дар рӯзҳои фарду донишҷӯёни писар дар рӯзҳои завҷ ба донишгоҳ мераванд ва ин мавзӯ дар канори камбуди устод вазъияти душвореро барои донишҷӯён бавуҷуд овардааст.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Балх гуфтанд, ки аз замони тасаллути Толибон токунӯн аксари асотид, кишварро тарк карда ва ҷои онҳо холӣ аст. Донишҷӯён мегӯянд, набуд устод сабаб шуда то донишҷӯён аз дарс дилсард шаванд ва ба фикри тарки таҳсил бошанд.

Бархе гузоришҳо ҳам ҳокист, иллати камбуди устод дар Донишгоҳи Балх ҳуқуқи ночизе аст, ки барои асотиди қарордодӣ дарназар гирифта шудааст ва ҳар соати дарсӣ танҳо 65 афғонӣ ба онҳо дода мешавад ва бо ин ҳуқуқ касе ҳозир ба тадрис дар донишгоҳи давлатӣ нест.