Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов
(last modified Fri, 16 Sep 2022 15:05:02 GMT )
Сентябр 16, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов

Президенти Тоҷикистон ва Президенти Қирғизистон пас аз нисфирӯзии имрӯз, 16-уми сентябр, дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, мулоқот карда, вазъ дар сарҳади ду давлатро баррасӣ карданд.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар медиҳад, “роҳбарони ду давлат мувофиқа кардаанд, ки ба мақомоти дахлдор оид ба қатъи оташ ва баровардани нерӯ аз хати муноқиша, дастур хоҳанд дод”.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, дар макони ҳодиса фаъолият бурда, комиссияи махсус, барои таҳқиқи ҳолат ва сабабҳои муноқиша, ташкил карда мешавад.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ низ ба мувофиқа расиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд соат пештар аз ин мулоқот, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев низ мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд