Декабр 06, 2016 09:30 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисони ҷумҳурии Қазоқистону Қирғизистон ба Шавкат Мирзиёев

Дар пайи пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон, раисони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон бо ирсоли паёме ба вай табрик гуфтанд.

Ба гузориши радиои узбакии бурунмарзӣ, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар паёмҳои табрикии ҷудогона ба Шавкат Мирзиёев, аз вай барои дидори расмӣ аз Остонаву Бишкек даъват карданд.

Шавкат Мирзиёев, номзади Ҳизби либерал – демократи Узбакистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи чаҳоруми декабри ин кишвар ба пирӯзӣ расид.

Мирзиёев дар ин интихобот 88/61 дарсад раъйи ширкаткунандагонро ба худ ихтисос дод.