Сентябр 23, 2022 17:28 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷорҳо дар Кобул
    Инфиҷорҳо дар Кобул

Як мошини бомбагузоришуда дар муқобили масҷиди Вазир Акбархони Кобул (пойтахти Афғонистон) мунфаҷир шуд.

Афғонистон дар моҳҳо ва ҳафтаҳои гузашта шоҳиди инфиҷорҳову ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар, аз ҷумла Кобул, масоҷиди Мазори Шариф ва Қундӯз буда, ки бар асари он садҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Масъулияти аксари ин инфиҷорҳоро гуруҳи террористии ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, бар асари инфиҷори як мошини бомбагузоришуда дар муқобили масҷиди Вазир Акбархони Кобул шуморе кушта ва захмӣ шудаанд.

Шабакаи телевизионии “Алҷазира” ҳам ба нақл аз як манбаи пизишкӣ гузориш дод, дар инфиҷори масҷиди Вазир Муҳаммади Акбархони Кобул се нафар кушта ва 28 нафар захмӣ шудаанд.

Неруҳои давлати Толибон ҳамаи кӯчаҳову хиёбонҳои мунтаҳӣ ба масҷидро масдуд кардаанд.

Рӯзи панҷшанбе низ бомбае дар минтақаи Хайрхона, аз марбутоти ҳавзаи ёздаҳуми амниятии шаҳри Кобул мунфаҷир шуд, ки аз талафоти эҳтимолии он гузорише дарёфт нашудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳам бар асари инфиҷори бомба дар ғарби Кобул се нафар кушта ва 13 нафар захмӣ шуданд.

То кунун шахс ё гуруҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст.

Вуқуи инфиҷорҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон нишон медиҳанд, ки бар хилофи иддаои давлати муваққати Толибон дар Афғонистон, ин давлат натавониста амнияти лозимро дар Кобул ва дигар шаҳрҳои ин кишвар барқарор кунад.