Сентябр 25, 2022 19:48 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти марзӣ, меҳвари гуфтугӯи вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳузури муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ ва сулҳ дар мавриди танишҳои марзии ахир гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар нишасти Жээнбек Кулубаев ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ҳузури Розмари ДиКарло, дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ ва сулҳ дар Ню Йорк дар бораи вазъияти марзи давлатии  Тоҷикистон ва Қирғизистон табадули назар ва бар омодагӣ барои идомаи музокирот бо ҳадафи ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофот таъкид шуд.