Кремлин: Путин рӯзи ҷумъа пайвастани минтақаҳои Донбасро имзо мекунад
(last modified Thu, 29 Sep 2022 11:44:27 GMT )
Сентябр 29, 2022 16:44 Asia/Dushanbe
  • Кремлин: Путин рӯзи ҷумъа пайвастани минтақаҳои Донбасро имзо мекунад
    Кремлин: Путин рӯзи ҷумъа пайвастани минтақаҳои Донбасро имзо мекунад

Сухангӯи кохи Кремлин эълом кард санади пайвастани Донбас ба Русия рӯзи ҷумъа имзо мешавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Русия имрӯз панҷшанбе замони имзои санади пайвастани минтақаҳои шарқи Украина аз баргузории ҳамапурсии ҷудоиро эълом кард.

Песков дар нишасти хабари дар Кремлин гуфт: Фардо ҷумъа мизбони маросими имзои тавофуқномаи вуруди сарзаминҳои ҷадид ба Русия хоҳем буд. Раисиҷумҳур Путин фардо дар Маскав бо сарони минтақаҳои озодшуда дидор хоҳад кард.

Ба навиштаи хабаргузории Спутник, Песков дар ин бора тавзеҳ дод: Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар маросими имзои санади пайвастани минтақаҳои ҷадид ба Русия ширкат хоҳад кард ва суханрони хоҳад кард, ҳамчунин санади пайвастани минтақаҳои Донбас ба Русия хоҳад шуд.

Сухангӯи Кремлин бо ишора ба эъломи назари беш аз 95 дарсад сокинони минтақаҳои Луганск, Донетск, Херсон ва Запароже барои ҷудоӣ аз Украина ва пайвастан ба Русия изҳор дошт: Тасмим барои пайвастан чаҳор минтақа таҳти кантроли мо дар Украина фардо ниҳоӣ мешавад.

Ҳамзамон бо ин таҳавулот бомдоди имрӯз буд, ки расонаҳои русӣ бо интишори натоиҷи ҳамапурси дар минтақаҳои Луганск, Донетск, Херсон ва Запароже эълом карданд, ки дар тамоми ин минтақаҳо беш аз 95 дарсади мардум хостори пайвастан ба Русия ва ҷудоӣ аз Украина ҳастанд.

Ҳамин амр сабаб шуд, ки бархе сарони аршади аврупоӣ дар изҳороте, ки ҳикоят аз асабонияти онҳо аз тамоюли сокинони шарқи Украина барои пайвастан ба Русия аст натиҷаи ҳамапурси дар минтақаҳои Донбасро рад кунанд.