Октябр 01, 2022 21:10 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Туркманистон барои сохти нерӯгоҳи хуршеди ва боди
    Барномаи Туркманистон барои сохти нерӯгоҳи хуршеди ва боди

Туркманистон барои сохти нерӯгоҳи хуршеди ва боди бо як ширкати мушовираи ҳамкори мекунад.

Мурод Пурчиев, муъовини нахуствазири Туркманистон, вазири Вазорати неру ба манзури сохти нерӯгоҳи хуршеди ва бодии чандманзура дар вилояти Балкон муноқисаи байналмиллалиро барои интихоби як ширкати мушовир, ки барои иҷрои ин амри назоратгар баргузор кард.

Дар ин росто барои қарордод бо ширкати баранда барои ироаи хадамоти мушовираи, иттилоъоти лозим барои барраси ба Сардор Бердимуҳаммад, раиси Ҷумҳурии Туркманистон дода шуд.

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон пас аз шунидани ин гузориш таваҷҷуҳро ба фурсатҳои густарда барои истифодаи фаъол аз манобеъи энержи эҳёкунанда ба вижа барои таъмини барқи шаҳракҳои воқеъ дар гушаву канори кишвар дар манотиқи дурдаст ҷалб кард.

Вай бо таъкид бар ин ки сохти таъсисоти энержиҳои ҷойгузини мақрун басарфа ба таври мустақим ба иҷрои мувафақиятомез ҳамаи тарҳҳо ва рушди иҷтимоъи ва иқтисодии кишвар кумак мекунад дастури мушахасеро муъовини нахуствазири ироа кард.