Октябр 03, 2022 21:28 Asia/Dushanbe
  • Бархурди хушунатомези Толибон бо муътаризон дар Ҳирот
    Бархурди хушунатомези Толибон бо муътаризон дар Ҳирот

Нерӯҳои Толибон барои мутафариқ кардани тазоҳуроткунандагоне, ки рӯзи якшанбе дар ғарби Афғонистон ҳамлаи террористӣ ба донишомӯзони духтарро маҳкум карданд тири ҳавоӣ шилик карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳудуди 100 зан дирӯз дар эътироз ба ҳамлаи террористии рӯзи ҷумъа ба Кобул дар шаҳри Ҳирот ғарби Афғонистон тазоҳурот карданд.

Тазоҳуроткунандагон, ки ба тарафи бинои фармондеҳии Ҳирот дар ҳаракат буданд пеш аз расидан ба маҳали таҷамуъи худ тавассути Толибон бо хушунат мутавақиф шуданд.

Толибон ҳамчунин ба хабарнигорон дастур доданд, ки ин таҷамуъро пушиш надиҳанд. Ваҳиди Соғи яке аз тазоҳуроткунандагон гуфт: Мо ҳеҷгуна силоҳи надоштем ва танҳо дар ҳоле, ки роҳпаймоӣ мусолематомез доштем онҳо мро мавриди зарбу шатм қарор доданд ва тири ҳавоӣ шилик карданд то мутафариқ шавем.

Аз августи соли 2021 ки Толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт таҳсили духтарон дар Афғонистон як масъалаи бисёр ҳасоси аст. Толибон таҳсили миёнаро барои духтарон мамнуъ карда аст.