Декабр 07, 2016 09:53 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири кулли Шанҳай бо раисҷумҳури Узбакистон

Раисиҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон, Шавкат Мирзиёев, ба Рашид Олимов, дипломати тоҷик, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанҳай барои назорату баҳогузории интихоботи президентӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, дидори Мирзиёев бо Рашид Олимов баъди эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ 5 декабр сурат гирифт. Олимов интихоботи президентии ахири Узбакистонро қадами ҷиддӣ барои рушди демократия хонда барои Мирзиёев муваффақият таманно намудааст.

Мирзиёев ва Олимов тавофуқ кардаанд, ки дар доираи СҲШ ҳамкориҳоро густариш диҳанд.

Рашид Олимов ахиран интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистонро шаффоф, озод ва демократӣ унвон дошт.

Ин дипломати тоҷик, ки дар садри ҳайати СҲШ интихоботро назорат кардааст, гуфтааст, интихобот дар асоси қонунгузории Узбакистон ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардида, ҳолатҳои нақзи қонунгузорӣ, ки натиҷаҳоро зери суол барад сабт  нашудаанд. Раиси СҲШ гуфтааст, баъзе камбудиҳое ҷузъӣ ошкор гардиданд, ки ба натиҷаи интихобот наметавонанд таъсире дошта бошанд.

Рашид Олимов дар посух ба суол дар мавриди шароити мусоид барои нерӯҳои гуногуни сиёсӣ гуфтааст: “Барои иштирокчёни ҷараёни раъйдиҳӣ новобаста аз назарҳои сиёсиашон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Барои номзадони мақоми раёсатҷумҳурӣ вақти баробар дар телевизион ҷудо гардид. Вобаста ба ҷойи зисти ақалиятҳои миллӣ маводи тарғиботӣ бо забонҳои узбакӣ, русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва қароқалпоқӣ паҳн гардиданд”.

Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи 4 декабр Шавкат Мирзиёевро раисҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар эълон намуд.