Октябр 06, 2022 21:16 Asia/Dushanbe

Бар асоси фармони раиси Ҷумҳурии Русия ин кишвар расман соҳиби неругоҳи Запароже дар ҷануби Украина шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса бар асоси фармоне, ки Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия чаҳоршанбе имзо кард, Русия расман соҳиби неругоҳи ҳастаӣ Запароже дар ҷануби Украина шуд Русия аз аввали март ин неругоҳро таҳти муҳосираи низомии худ дароварда буд.

Пас аз эъломи ин хабар Рафаэл Гросси, раиси ожонси байналмиллалии энержи атомӣ, ки пешбини карда буд ин ҳафта ба Киев ва Маскав сафар кунад аз сафари худ ба пойтахти Украина хабар дод то дар онҷо дар бораи эҷоди як минтақаи муҳофизати дар атрофи ин неругоҳ гуфтугу кунад, ин неругоҳи ҳастаӣ, ки бузургтарин неругоҳи ҳастаӣ Аврупо аст дар минтақаи Запароже қарор дорад.

Запароже яке аз сарзаминҳои украинӣ аст, ки ҳафтаи гузашта расман ба Русия пайваст. Ин минтақа наздик ба марзи миёни манотиқи таҳти контроли Киев ва манотиқи таҳти ишғоли Маскав қарор дорад. Дар фармони русия омада аст давлат итминон ҳосил кунад, ки таъсисоти ҳастаӣ неругоҳ ҷузи дороиҳои федерол маҳсуб мешавад. Созмони энержи ҳастаӣ Украина Энерготур ба навбаи худ фармони Владимир Путинро ботил ва беэътибор донист. Ин созмон дар телеграм эълом кард неругоҳи Запароже дар Украина мутобиқ бо қавонини Украина ва дар сомонаи энержӣ Украина дар Энергвотум ба кори худ идома хоҳад дод.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия тайи суханони аз тариқи видеоканфронс ба муносибати рузи ҷаҳонии муъалим баробар бо 5 октябр, ки як руйдоди солона буд ва тавассути юнеско номгузори шуда аст гуфт: Русия бо вуҷуди вазъияти кунуни эҳтироми зиёд барои мардуми Украина қоил аст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард: Агар талошҳои ғарб ва бархе қудратҳо дар Киев барои таҳрифи таърих набуд ҷанг дар Украина руй намедод.