Октябр 06, 2022 21:41 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши Созмонҳои иттилоъотии Паймони Амнияти Дастаҷамъи дар Қазоқистон
    Оғози размоиши Созмонҳои иттилоъотии Паймони Амнияти Дастаҷамъи дар Қазоқистон

Размоиши муштараки Созмонҳои иттилоъоти кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъи таҳти унвони "Ҷустуҷуи-2022" дар Қазоқистон оғоз шуда аст.

СПАД дар соли 1991 бо ҳамкории Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳадафи густариши сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин дифоъ аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои узви таъсис шуд.

Маркази матбуъотии Вазорати дифоъи Қазоқистон имруз панҷшанбе эълом кард размоиши муштараки Созмонҳои иттилоъоти ва воҳидҳои кишварҳои узви СПАД дар пойгоҳои омузиши Мотибулок ва Гувордиски минтақаи Жомбили Қазоқистон оғоз шуда аст.

Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳадаф аз ин размоиши вижаро беҳбуди таъомулоти органҳои фармондеҳи ва кантроли афзоиши сатҳи омузиши майдони, созгории амалёти ва инсиҷоми ягонҳои иттилоъоти унвон кард.