Октябр 16, 2022 16:10 Asia/Dushanbe
  • Вазири тиҷорати Толибон изҳор дошт бо воридоти гази Эрон ва Русия қимати ин фароварди нафтӣ дар зимистони оянда афҷзоиш нахоҳад ёфт
    Вазири тиҷорати Толибон изҳор дошт бо воридоти гази Эрон ва Русия қимати ин фароварди нафтӣ дар зимистони оянда афҷзоиш нахоҳад ёфт

Толибон эълом кард, ки ба зуди қарордоди тарҳи TAPI барои таъмини газ барои Афғинистон бо мақомоти Туркманистон имзоъ хоҳад шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, масъулони Вазорати маъдан ва нафти Толибон эълом карданд, ки дар ояндаи наздик қарордоди пружаи TAPI бо кишвари Туркманистон имзо мешавад ва раванд тавзеъи гази мойеъ дар шаҳристони Гузара ва шаҳракҳои санъатии вилояти Ҳирот оғоз шуд.

Ба гуфтаи масъулони ин Вазоратхона ҳайате аз Афғонистон барои имзои қарордод дар бораи раванди интиқоли газ ба Туркманистон сафар карданд.

Ҳисомиддини Собирӣ, муовини Вазорати маъдан ва нафти Толибон дар ин хусус гуфт : Қарордоди ин пружа дар зарфи чанд рӯз имзо мешавад ва Иншоаллоҳ тавзеъи газ аз шаҳристони Гузара шурӯъ  ба шаҳр ва паркҳои санъатии  Ҳирот хоҳад расид.

Аз тарафи дигар бозаргононо Афғонистон низ вурӯди газ аз Туркманистонро барои иқтисоди Афғонистон муҳим хонда ва хостори ҳимояти толибон аз тарҳҳои имронӣ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Нуриддини Азизӣ вазири тиҷорати давлати муваққати Толибон аз ройзании кишвараш бо мақомоти Эрон барои воридоти газ ва фаровардҳои нафтӣ хабар додааст.

Вазири тиҷорати Толибон изҳор дошт бо воридоти гази Эрон ва Русия қимати ин фароварди нафтӣ дар зимистони оянда афҷзоиш нахоҳад ёфт.

Пеш аз ин Нуриддини Азизӣ вазири санъат ва тиҷорати Толибон аз қарордоди хариди фаровардҳои нафтӣ ва гандум аз Русия хабар дода буд.

Қарордоди аввалияи тарҳи TAPI дар соли 2008 миёни се кишвар Афғонистон, Покистон ва Ҳинд ба унвони тарҳи TAPI ва харидорони гази Туркманистон имзо шуд ва қарордоди аввалия миёни  ин се кишвар бо Туркманистон низ дар соли 2010 ба имзо расид.

Агар чӣ гуфта шуда буд, ки ин тарҳ то соли 2018 бояд такмил шавад, аммо ҳамчунон ва ҳанӯз қадаме барои такмили ин пружаи азими газ бардошта нашудааст.