Октябр 20, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Таҳкими равобит-меҳвари машварати мақомоти Узбекистон ва Иттиҳодияи Аврупо

Вазири умӯри хориҷаи Узбекистон ва намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ роҳҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Норов-вазири умӯри хориҷаи Узбекистон ва Терри Хакала- намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ мавзӯи таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи Аврупо дар заминаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, донишу омӯзиш, муҳити зист, гардишгарӣ ва дигар ҳавзаҳоро баррасӣ карданд .
Тарафайн дар ин дидор бар аҳамияти имзои сариъи тавофуқномаи мушорикату ҳамкории густардаи байни Узбекистону Иттиҳодияи Аврупо, ки дар 6 июли соли ҷорӣ тасвиб шуд, таъкид карданд . Ин санади ҷомеъ вуруд ба як марҳалаи ҷадиди равобити Узбекистону Аврупоро дар назар дорад .
Ҳамчунин дар мавриди ҷанбаҳои созмонии маросимҳои қарибулвуқуъ дар сутӯҳу қолабҳои мухталиф аз ҷумла баргузории нишасти вазирони хориҷа таи рӯзҳои 17 ва 18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд  ва нишасти байналмиллалии ба ҳам пайвастагӣ « Дарвозаи ҷаҳонӣ » барои тавсеаи пойдор дар қолаби Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ табодули назар шуд .
16 ноябри 1994 байни Иттиҳоди Аврупо ва Узбекистон равобити сиёсӣ барқарор шуд .
 

 

Барчасп