тафсир – Бадтар шудани вазъияти инсонӣ дар Афғонистон
(last modified Sun, 23 Oct 2022 07:59:14 GMT )
Октябр 23, 2022 12:59 Asia/Dushanbe
  • тафсир – Бадтар шудани вазъияти инсонӣ дар Афғонистон

Буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ҳамчунон як таҳдиди бузургу ҷиддӣ барои ин кишвар маҳсуб мешавад .

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид бо интишори гузорише аз сафари Ричард Бинт-гузоришгари вижаи ин ниҳод дар умӯри Афғонистон эълом кард : Ин кишвар ҳамчунон бо як буҳрони ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари авзоъ  иқдомоти фаврӣ аз сӯи ҳамаи тарафҳо лозим аст .
Гузоришгари вижаи Созмони Миллал пас аз охирин маъмурият мушоҳидоту арзёбии худро дар 26 октябр дар Маҷмаъи умумӣ ироа хоҳад кард ва пас аз он нишасти хабарӣ хоҳад дошт .
Бадтар шудани авзоъи инсонӣ дар Афғонистон аз моҳҳои нахусти ба қудрат расидани муҷаддади Толибон дар ин кишвар меҳвари аслии гузоришҳое буда, ки дар беш аз як соли гузашта аз сӯи ниҳодҳои мухталифи байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллал ва ниҳодҳои вобаста ба он мунташир шудааст .
Баррасии иҷмолии гузоришҳои мунташиршуда дар бораи авзоъи Афғонистон нишон медиҳад аз августи 2021 то кунун ҳар моҳ авзоъи ин кишвар бо вахомати бештаре рӯбарӯ шудааст .
Далоили мухталифе вуҷуд дорад ки бар буҳронӣ шудани авзоъ дар Афғонистон таъсироти густардае доштаанд . Блока шудани дороиҳои Бонки марказии Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвар тавассути давлати Амрико дар ҳафтаҳои нахусти ҳокимияти Толибон муҳимтарин далел дар вахомати авзоъи иқтисодӣ ва падидор шудани буҳрони инсонӣ дар Афғонистон будааст .
Бо масдуд шудани ҳудуди даҳ миллиард доллар аз дороиҳои Афғонистон тавассути Амрико, давлати Толибон барои воридоти колоҳои асосӣ, маводи аввалияи саноеъ, дору ва колоҳои беҳдоштӣ бо буҳрони бузурге рӯбарӯ шуд .Ба хусӯс онки кумакҳои маҳдуди ҷомеъаи байналмиллалӣ ба Афғонистон дар давраи ҳокимияти муҷаддади Толибон дар шароите ки ин кишвар ҳамонанди дигари кишварҳо бо ҳамагирии корона мувоҷеҳ будааст, фишори бештаре бар мардуми Афғонистон ворид кард, ки ин масаъла дар арзёбии ниҳодҳои байналмилалӣ дар бораи вахомати авзоъи инсонӣ таъсири қобили таваҷҷуҳе доштааст .
Илова бар дастрасии бисёр маҳдуди мардуми Афғонистон ба дору ва колоҳои беҳдоштӣ барои муқобила бо бемории корона,дар бахшҳои дигари ҳавзаи саломат низ мақомоти беҳдоштии ин кишвар барои дармони бемориҳои дигар ҳам бо чолиши бузурги таъмини дору ва таҳияи таҷҳизоти мавриди ниёзи марокизи дармонӣ рӯбарӯ шудаанд .
Ҳамчунин коҳиши шадиди воридоти колоҳои асосӣ монанди гандум ва ҷав дар Афғонистон ба далели маҳдудиятҳои густардаи молӣ ва қатъи кумакҳои хориҷӣ, уфти қобили тавваҷуҳи арзиши пӯли миллӣ ва афзоиши афсоргусехтаи таваррум муҷиб шуда то миллионҳо нафар дар ин кишвар ба маводи ғизои аввалия дастрасии бисёр маҳдуд дошта бошанд .
Дейвэд Бзлӣ-аз мақомоти Барномаи ҷаҳонии ғизо мегуяд:Дастикам наздик ба нисфи ҷамъияти Афғонистон бо буҳрони гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд. Мардуми Афғонистон ба кумакҳои фаврии башардӯстона ниёз доранд ва агар ин кумакҳо анҷом нашавад ин кишвар ба як буҳрони бузурги башарӣ табдил хоҳад шуд .
Дар баррасии шароити буҳронии Афғонистон зимни он ки мардуми ин кишвар дар таъмини дору ва ғизои мавриди ниёз бо чолиши бузурге рӯбарӯ ҳастанд, онон дар бахшҳои дигар низ бар асари сиёсатҳои давлати Толибон бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд .
Гузоришҳои Созмони Миллал ва ниҳодҳои вобаста нишон медиҳад, ки бар асари сиёсатҳои давлати Толибон занон бо мамнӯъияту маҳдӯдият дар иштиғолу таҳсил рӯбарӯ ҳастанд, ки ин масаъла бар тардиди бештари ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ба расмият нашинохтани ин гуруҳ таъсири қобили таваҷҷӯҳе доштааст .
Ба назар мерасад то замоне, ки Толибон дар сиёсатҳои худ таҷдиди назар накунад, авзоъи буҳронӣ дар Афғонистон рӯ ба коҳиш нахоҳад рафт .