Афзоиши 2.7 баробарии ҳамли коло аз каридори байналмиллалии Трансхазар
Ҳамли коло дар масири ҳамлунақли байналмиллалии Трансхазар дар 9 моҳи соли 2022, 2.7 баробар афзоиш дошта аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар нишасти анҷумани байналмиллалии масири ҳамлунақли байналмиллалии Трансхазар, ки ба раёсати Нурлон Соуронбоев, раиси ширкати роҳи оҳани Қазоқистон дар Тифлис баргузор шуд, афзоиши қобили таваҷҷуҳи ҳамлунақли коло эълом шуд.
Дар ин нишаст эълом шуд, ки бо талоши муштараки аъзои анҷуман ҳаҷми ҳамлунақли маҳмула дар масири ҳамлунақли байналмиллалии Трансхазар дар 9 моҳаи соли ҷорӣ бо афзоиши 2.7 баробари нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл ба 1 миллиону 84 ҳазор тонна расид.
Изҳор шуд, ки саҳми зиёди рушди ҳаҷми ҳамлунақли маҳмула аз тариқи ин масир бо содирот муртабит буда аст ҳаҷми ҳамлунақли содироти аз Қазоқистон дар ин муддат 7.9 баробар бештар шуда аст.
Ширкаткунандагони ин нишаст иқдомотеро барои тазмини бештари ҳаҷми афзоиши контнери дар имтидоди каридори миёнӣ ва эҷоди шароити матлуб дар ин масир тадвин карданд.
Масири ҳамлунақли байналмиллалии Трансхазар аз тариқи Чин, Қазоқистон, дарёи Хазар, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркия ва дарёи Сиёҳ ба кишварҳои аврупоӣ мерасад.
20 ширкати мухталиф аз ҷумла ширкатҳои роҳи оҳан, бандарҳо, киштиронӣ ва ширкатҳои лагестикии 8 кишвари мухталифи узви анҷумани масири ҳамлунақли байналмиллалии Трансхазар ҳастанд.