Таҳлил: Панҷовучаҳорумин нишасти маҷмаъи порлумонии ҳамсуд дар Самарқанд
(last modified Wed, 26 Oct 2022 15:22:47 GMT )
Октябр 26, 2022 20:22 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Панҷовучаҳорумин нишасти маҷмаъи порлумонии ҳамсуд дар Самарқанд
    Таҳлил: Панҷовучаҳорумин нишасти маҷмаъи порлумонии ҳамсуд дар Самарқанд

Панҷовучаҳорумин нишасти маҷмаъи байни парлумонии ҷомеъаи ҳамсуд аз 27 ва 28 октиябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад.

Нишасти муқадимотии раисони маҷмаъи байни парлумонии ҳамсуд 27 октиябр ва нишасти ниҳоӣ 28 октиябр баргузор мешавад.

Рузи 25 октиябр ҳам нишасти шурои коршиносони маҷмаъи байни парлумонии кишварҳои узви ҷомеъаи ҳамсуд монанди давраҳои пеш баргузор шуда аст. Нишасти маҷмаъи байни парлумони аз муҳимтарин нишастҳои ҷомеъаи ҳамсуд аст ба вижа, ки ҳамаи мусаваботи нишастҳои мутанавеъи ҷомеъаи ҳамсуд ба тасвиб дар парлумонҳои кишварҳои узв ниёз дорад.

Ҳикмат Ҳоҷизода коршиноси сиёсӣ муътақид аст: Дар шароити кунуни барои Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳеҷ созмони наметавонад ҷойгузини ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд бошад ва ин амри муддати тулони ба ин шакл хоҳад буд.

Ин коршиноси сиёсӣ ҳамчунин муътақид аст: Фаъолияти Гурҷистон ва Украина дар ҷомеъаи ҳамсуд ҷанбаи зоҳири дошт ва раҳбарони ин кишвароҳ ҳеҷгоҳ ҷомеъаи ҳамсудро чандон ҷидди намегирифтанд.

Ҳамгароӣ Гурҷистон ва Украина бо Ғарб ва вогароӣ аз Русия давлатҳо ва миллатҳои ин ду кишварро дар шароти бисёр сахти қарор дода аст зеро давлатҳои ғарби аз Тифлис ва Киев сирфан интизороте доранд, ки аз тавони худашон хориҷ аст.

Ба унвони мисло даргирии моҳи августи соли 2008 Гурҷистон бо Русия ва даргириҳои ҷории Украина бо Русия ки аз моҳи феврали соли гузашта ба таҳрики Амрико оғоз шуд нафъи барои ду кишвар надошта аст балки ба нобудии зерсохтҳо ва таҷзияи ин кишварҳо мунҷар шуда аст.

Дар ҳоле ки Амрико ва мутаҳидонаш дар ғарб фақат ба ташвиқи раҳбарони ду кишвар ба ҷанг иқдом карданд аммо натавонистанд ин кишварҳоро дар муқобили Русия ба пирузи бирасонанд бадеҳи аст ки дигар давлатҳои ҷомеъаи ҳамсуд аз ҷумла Ҷумҳурии Озарбойҷон ё Арманистон низ дар сурати ҳамгароӣ бо ғарб сарнавишти мушобеҳи Гурҷистон ва Украина хоҳад буд.