Октябр 30, 2022 09:55 Asia/Dushanbe
  • Марги садҳо нафар аз марудми Афғонистон ба далели таҳримҳои Амрико
    Марги садҳо нафар аз марудми Афғонистон ба далели таҳримҳои Амрико

450 нафар аз мардуми Афғонистон ба далели камбуди имконоти дармонии ноши аз таҳримҳои Амрико ҷон бохтанд.

Бисёри аз созмонҳои башардуст дар мавриди камбуди имконоти дармонӣ ва беҳдоштӣ дар Афғонистон ва хатари марги мардуми ин кишвар бар асари бемориҳои назири сурхак ва исҳол, ки ба содагӣ қобили пешгири ва дармонӣ ҳастанд ҳушдор доданд аммо Амрико илова бар таҳрими Афғонистон ба баҳонаи ба қудрат расидани Толибон дар августи соли 2021 даҳҳо миллиард доллар аз дороиҳои боки маркзаии Афғонистонро тавқиф ва бахше аз онро мусодира кард ва ҳамчунон ҳозир ба лағви муҷозотҳои ин кишвар нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард дар даҳ моҳи ахир 378 нафар бар асари ибтило ба сурхак ва дар панҷ моҳи гузашта 76 нафар бар асари исҳол ҷони худро дар Афғонистон аз даст доданд.

Ин созмон дар гузориши 10 саифаӣ худ дар бораи Афғонистон аз густариши ду бемории сурхак ва исҳоли шадид дар ин кишвар хабар дод ва таъкид кард аз декабри соли 2021 то кунун 71 ҳазору 90 нафар дар Афғонистон ба сурхак мубтало шуданд ва аксари қурбониён кудакор ва зери панҷсол буданд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт таъкид кард сурхак дар саросари Афғонистон густариш ёфт аммо Бадахшон, Кобул, Нангарҳор, Қундуз, Ҳилманд, Тахор ва Ҳирот бештар аз дигар вилоятҳо даргири ин бемории шадиданд.

Ин гузориш камбуди оби солимро аслитарин далели густариши исҳоли шадид дар Афғонистон эълом карду афзуд: Аз аперли соли 2022 то кунун 204 ҳазору 116 нафар дар ин кишвар ба исҳоли шадид мубтало шуданд ва 76 нафар ҷон бохтанд.

54.9 дарсади мубатлоён ва ҳудуди 80 дарсади қурбониён исҳоли шадид дар Афғонистон кудакони зери 5 сол буданд.