Декабр 08, 2016 18:42 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳурии мунтахаби Узбакистон бо дабири кулли Созмони Ҳамкории Шангхай

Камтар аз 24 соат пас аз эъломи пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии чаҳоруми декабри Узбакистон, раиси ҷумҳурии мунтахаби ин кишвар бо дабири кулли тоҷики Созмони ҳамкории Шангхай дидор ва гуфтугӯ кард.

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шангхай, ки ба унвони раиси ҳайати нозирони эъзомии ин созмон бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон ба Тошканд сафар кардааст, дар дидор бо Мирзиёев зимни таъйиди саломати интихоботи чаҳоруми декабр, аз шаффофияти ин давр аз интихоботи Узбакистон сухан гуфт.

Пеш аз Рашид Олимов, раиси ҳайати эъзомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ низ шаффофияти интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистонро таъйид карда буд.

Маҳофили сиёсии ӯзбак, ки аз фардои ба қудрат расидани Мирзиёев дар Узбакистон, даврони ҷадиде аз сиёсат ва ҳукумат дар Узбакистонро таҷриба мекунанд, муътақиданд таъйиди сиҳҳати интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон метавонад гоми ҷиддӣ ва ҷадиде барои тавсеаи демократия дар ин ҷумҳурии Осиёи марказӣ бошад ва шояд ин интихоботро битавон улгӯе барои баргузории интихобот дар дигар ҷумҳуриҳои минтақа донист. Ба вижа, ки аз замони истиқлоли панҷ ҷумҳурии Осиёи марказӣ то кунун ҳамвора маҷмӯаи интихоботҳои парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии ин кишварҳо бо аммо ва агарҳое аз сӯйи ниҳоди байналмилалӣ ва нозир бар интихоботи ин кишварҳо ҳамроҳ будааст.

 Набуди шаффофияти интихоботӣ, набуди руқабои матраҳ ва низ набуди фазои озоди иттилоърасонӣ ва таблиғот барои номзадҳои рақиб, бахше аз интиқодҳои матраҳ дар бораи ҳамаи давраҳои интихобот дар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ ва албатта ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқоз будааст. Бо ин ҳама Мирзиёев ин фурсатро дошт, ки улгӯе аз саломати интихоботеро дар Узбакистон ба намоиш бигузорад. Ҳарчанд ки то кунун маҳофили ғарбӣ дар бораи шаффофияти интихоботи чаҳоруми декабри ин кишвар изҳори назар накардаанд.

Пешинаи мавзеъгирии ниҳодҳои байналмилалӣ ва нозир бар авзои  интихобот дар ҷумҳуриҳои ду сӯи Хазар нишон додааст, ки назароти ин ниҳодҳо дар таъйид ва ё радди шаффофияти интихоботи кишварҳои минтақа, тобеъ аз рӯйкарди сиёсати хориҷии ин кишварҳо будааст. Ба иборати дигар, рӯйкарди ғарбгароёнаи ин кишварҳо сабаби чашмпӯшии ниҳодҳои ғарбӣ аз ҳама усули таърифшудаи онҳо дар зарурати риояти демократия дар интихоботи шаффоф ва демократӣ будааст.

Ҳарчанд, ки ин мавзӯъ ҳамвора бо интиқоди ниҳодҳои таҳти раҳбарии Русия аз шаффофияти интихоботи ҷумҳуриҳои минтақа мувоҷеҳ буд. Рӯйкарди русгароёнаи кишварҳои минтақа низ сабаби таъйиди шаффофияти интихоботи онҳо аз сӯйи ниҳодҳои таҳти ҳидоят ва раҳбарии Маскав ва низ интиқод ва ташкики маҳофили ғарбӣ дар шаффофияти интихоботи ин ҷумҳуриҳо будааст.

Акнун аммо мувозинати рафтори сиёсати хориҷии Мирзиёев дар моҳҳои пас аз даргузашти Ислом Каримов, мавзӯе аст, ки Русия ва кишварҳои ғарбиро дар барзахи таъйини стратегияи сиёсати хориҷии Узбакистон нигаҳ доштааст.

Сарфи назар аз ин ҳама, аммо дидори Рашид Олимов дар мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шангхай бо раиси ҷумҳурии мунтахаби Узбакистон, нозир бар рӯйкарди мусбати Тошканд ба идомаи ҳамкорӣ бо сохторҳои минтақаӣ аст. Ин мавзӯъ на фақат нигарониҳои гузашта аз рафтори сиёсати хориҷии норавшани Узбакистонро дар урдӯгоҳи Ғарб ва Русия ба ҳадди ақал расондааст, балки дар буъди ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба метавонад нозир бар таъкиди раҳбари Узбакистон бар бозтаърифи равобити Узбакистон ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва сохторӣ бошад.

Ба дидори раиси тоҷики Созмони ҳамкории Шангхай бо раиси ҷумҳурии мунтахаб Узбакистон аз ҳамин зовия бояд нигарист.