Ноябр 06, 2022 19:45 Asia/Dushanbe
  • Об - меҳвари гуфтугӯҳои вузарои хориҷаи Қирғизистону Узбакистон

Вузарои умури хориҷаи Қирғизистону Узбакистон дар бораи мудирияти об тавофуқнома имзо карданд.

Бо ташдиди табаоти афзоиши газҳои олояндаву суръат гирифтани раванди тағйироти обуҳавоӣ, буҳрони камобӣ дар ҷаҳон домангири бисёре аз кишварҳои ҷаҳон шудааст.

Муассисаи таҳқиқоти обёрии Қирғизистон дирӯз - шанбе дар мавриди табаоти тағйироти иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дод. Ба гузориши ин муассиса, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 25 то 30 соли оянда ба далели коҳиши 30 то 50 дарсадии манобеи обӣ бо вазъияти бисёр душворе рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории “Форс”, Владимир Норов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар Бишкек бо Жээнбек Кулибоев, ҳамтои қирғизи худ дидору гуфтугӯ кард.

Дипломатҳои аршади қирғизу ӯзбак дар мавриди мудирияти муштараки манобеи оби махзани Қанбаробод ва хадамоти манобеи оби зери назари Вазорати кишоварзии Қирғизистон ва Вазорати манобеи оби Узбакистон тавофуқномае имзо карданд.

Тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва мавзуоти минтақаиву байналмилалӣ аз дигар масоили матраҳшуда дар ин дидор буд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Узбакистон бо Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон низ дидор кардааст.