Ноябр 07, 2022 13:11 Asia/Dushanbe
  • Аминӣ гуфт: Мардуми Афғонистон ба иллати пешинаи таърихӣ худ алоқаманд ба китоб, мутолеъа ва ба таври кулли алоқаманд ба илм, дониш ва таҳқиқ ҳастанд ва хоҳанд буд
    Аминӣ гуфт: Мардуми Афғонистон ба иллати пешинаи таърихӣ худ алоқаманд ба китоб, мутолеъа ва ба таври кулли алоқаманд ба илм, дониш ва таҳқиқ ҳастанд ва хоҳанд буд

Мудири муасисаи пажуҳиши гуфт: Умедворам баргузории чунин ҳафтаҳое дар кишварҳои минтақа ва ҳамсояе ба вижа кишварҳои ҳамзабон ва дороӣ решаҳои фарҳангии муштарак аз ҷумла Афғонистон ва Тоҷикистон густариш ёбад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Масъуд Аминӣ (мудири муасисаи пажуҳишии Боиснағар дар Ҳирот) бо баёни ин,ки аҳамияти китоб ва китобхони бар ҳеҷ кас  пушида нест ва китоб ва мутолеъа дар тамоми мақотеъи зиндагии инсони аҳамият дошта ва дорад афзӯд: Дар Эрон ҳафтае дар моҳи обон бо номи китоб ва китобхонӣ гузошта шуда, ки амри муборак ва писандида аст ва кош ин ҳафта  дар кишварҳои ҳамҷавор ба вижа Афғонистон ҳам ба сурати доим баргузор шавад, чаро, ки бештарин зарба ва осеб таи чаҳор даҳа ҷанг, ноороми ва бадбахтӣ ба китоб, мутолеъа, таҳқиқ ва пажуҳиш ворид шудааст.

Аминӣ гуфт: Мардуми Афғонистон ба иллати пешинаи таърихӣ худ алоқаманд ба китоб, мутолеъа ва ба таври кулли алоқаманд ба илм, дониш ва таҳқиқ ҳастанд ва хоҳанд буд. Мудири муасисаи пажуҳиши афзӯд: Агар ҳафтаи китоб дар ин се кишвар таври сақфи воҳид барпо шавад, таъсири мусбате дар нашр ва фурӯши китоб ва ҳамчунин дар заминаи мутолеъа дар Афғонистон ва Тоҷикистон хоҳад дошт.

Муасисаи пажуҳиши дар соли 1394 дар шаҳри Ҳирот таъсис ва фаъолиятҳои он аз соли 1396 оғоз шуд.

Бештар бихонед: