Шаҳрдории Кобул алоқаманди ҳамкорӣ бо Эрон дар бахшҳои умронӣ
-
Ҷумҳурии исломӣ аз мушорикат дар иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар Кобул истиқбол мекунад
Шаҳрдори Кобул, пойтахти Афғонистон афзоиши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар бахшҳои умрониву фанниро хостор шуд.
Мавлавӣ Абдуррашид, шаҳрдори Кобул дар дидор бо Ҳасани Шерозӣ, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул, бар алоқамандии Кобул барои мушорикати Эрон дар иҷрои тарҳҳои умронӣ ва зербиноӣ дар пойтахти Афғонистон таъкид кард.
Мавлавӣ Абдуррашид изофа кард, дар бахши илмиву фаннӣ бояд ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва давлати Толибон сурат гирад то равобити ду тараф густариш ёбад.
Вай гуфт, шаҳрдории Кобул дар назар дорад то аз таҷориби кишварҳои ҳамсоя ҳамчун Эрон дар қисмати мудирияти зуболаҳои шаҳрӣ, бахши ҳамлу нақл ва масоили дигари шаҳрӣ истифода кунад.
Дар ин дидор Ҳасани Шерозӣ, намояндаи Сафорати Эрон ҳам гуфт, Ҷумҳурии исломӣ аз мушорикат дар иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар Кобул, ба вижа дар бахши эҷоди тасфияхонаҳо, мудирияти беҳтари зуболаҳо, сохти каналҳову паркҳо бо шаҳрдории Кобул истиқбол мекунад.