Ноябр 17, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Вазири иқтисоди давлати Толибон ҳамчунин хотирнишон кард, дар давраи ишғоли Афғонистон, шоҳиди афзоиши шумори муътодон дар ин кишвар будем
    Вазири иқтисоди давлати Толибон ҳамчунин хотирнишон кард, дар давраи ишғоли Афғонистон, шоҳиди афзоиши шумори муътодон дар ин кишвар будем

Вазири иқтисоди давлати Толибон дар Афғонистон, бист сол ишғолгарии низомиёни амирокоиро омили асли нобудии зерсохтҳои иқтисодии он кишвар донист.

Қори Динмуҳаммад Ҳаниф вазири иқтисоди давлати Толибон гуфт: Дар давраи ҳузӯр ва ишғоли бист солаи ин кишвар тавассути Амрико, ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба зерсохтҳои Афғонистон нашуда, балки ин зерсохтҳо нобуд шудааст.

Ҳаниф бо ташреҳи вазъияти роҳҳои мавосилоти Афғонистон ва вазъияти бади зиндагии мардуми Афғонистон афзуд, дар даврони ишғол, зерсохтҳои ҳамлу нақл низ танҳо мавриди таваҷӯҳ қарор нагирифта, балки муҳарикҳои иқтисодӣ низ барои тавлид фароҳам нашудааст.

Вазири иқтисоди давлати Толибон ҳамчунин хотирнишон кард, дар давраи ишғоли Афғонистон, шоҳиди афзоиши шумори муътодон дар ин кишвар будем ва бар асоси тахминҳо байни чаҳор то чаҳору ним миллион муъдот дар Афғонистон дорем, ки армуғони шуми даврони ишғоли амрикоиҳо аст.

Изҳороти вазири иқтисодӣ давлати Толибон дар бораи нобудии зерсохтҳои Афғонистон тавассути Амрико дар давраи ишғоли он кимшвар аз воқеъияте ҳикоят дорад, ки то даҳҳаҳои мутамоди осори  мухараба бар раванди тавсиаи Афғонистон хоҳад дошт.

Амрико пас аз ҳодисаи ёздаи сентябр 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм Афғонистонро ишғол кард ва дар бист соли ҳузӯри нокоми худ дар ин кишвар бо ҳамроҳии аъзои  НАТО мероси шуми ноамнӣ ва вайрониро ба ҷой гузошт.

Амрико муддаӣ буд дар давраи ҳузӯрид Афғонистон зимни он, ки терроризм ва ифротгароиро нобуд хоҳад кард бо аз байн бурдани заминаҳои кошти хашош бо тавлид  ва қочоқи маводи мухаддир ва транзетии он ба дигар кишварҳо ҷилавгири хоҳад  кард, дар ҳоле, ки дар бист соли ахир, терроризм нобуд нашуд ва ноамнӣ ва бесуботии бештаре дар Афғонистон ҳоким шуд.

 

Гузоришҳои мунташир шуда тавассути ниҳодҳои байналмиллалӣ нишон медиҳад дар давраи ишғоли Афғонистон тавассути Амрико ва Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) тавлиди маводи мухаддир дар он кишвар дасти кам беш аз ҷаҳор баробар шуда ва заминҳои таҳти кошти хашхош низ афзоиши чашмгире доштааст.

Ваъдаи воҳии дигари Амрико барои лашгар каши ба Афғонистон, ки натиҷаи он кӯштори ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ва ситамдидаи ин кишвар буд, барқарории демокроси буд, ки ин масъала низ ҳеҷгоҳ дар Афғонистон шакл  воқеъӣ нагирифт ва баргузор кунандагони интихоботи раёсат ҷумҳӯрӣ дар ин кишвар дар адвори мухталиф ба тақалуби густарда муттаҳам шуданд.

Амрико илова бар нобуд кардани зерсохтҳои Афғонистон дар ҷанг ба истилоҳи зиддӣ терроризм дар Афғонистон, дар давраи пас аз ишғол низ бо сиёсати таҳрим ва асноди дороиҳои Афғонистон, зиндагии мардуми ин кишварро таҳдид кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ба таври табиӣ ин интизор барои мардуми Афғонистон вуҷӯд дошт, ки Амрико пас аз хурӯҷ аз он кишвар ғароматҳои ношӣ аз ҷанги беҳосил дар Афғонистонро ба мардум ва давлати ин кишвар пардохт кунад.

Дар ҳамин ҳол бар асоси додаҳои Вазорати сиҳат омаи Афғонистон, 46 дарсад ҷамъияти 35 миллионии  ин кишвар бар асари ҷанги Амрико аз саломати равон   бархурдор нестанд, ки ҳудуди 72 дарсад аз онҳо  занон ва 60 дарсад аз онҳо мардонанд.

Дар ин замина дуктур Фариддуни Латифӣ, мутахасиси беҳдошти равон дар вилояти Балх дар шимолӣ Афғонистон мегуяд: Муътасифона вазъияти саломати равон бо баланд рафтани нархи бекорӣ, иқтисоди хароб ва ҷангҳои дохилӣ дар Мазоришариф бадтар шудааст ва бештарин афроде, ки аз ин ноҳия ранҷ мебаранд занон ва ҷавонон ҳастанд.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп