Сафари Аҳмади Масъуд ба Маскав
Расонаи Афғон аз сафари Аҳмади Масъуд раиси мухолифони Толибон мавсум ба "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" ба Маскав пойтахти Русия хабар дод.
Бо гузашти беш аз як сол аз тасаруфи вилояти Панҷшери Афғонистон ба дасти нерӯҳои давлати Толибон, нерӯи мухолифи Толибон мавсум ба "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" дар ин вилоят, ба раҳбарии Аҳмади Масъуд фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд фармондеҳи фақиди даврони ҷиҳод, ҳамчунон ба набард бо Толибон идома медиҳанд. Ин ҷабҳа бо радди машруъияти ҳукумати Толибон эълом кард, то ташкили давлати фарогир муборизаи мусалаҳонаро бо Толибон идома медиҳад.
Гурӯҳи Толибон 15-уми Августи соли 2021 бо канор задани давлати Муҳаммад Ашраф Ғаннӣ дар Афғонистон ба қудрат расидааст.
Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, як манбаъи огоҳ эълом кард, Аҳмади Масъуд ахиран вориди Маскав пойтахти Русия шуд.
Пеш аз ин низ гузоришҳое дар бораи сафари Аҳмади Масъуд ба Русия мунташир шуда буд.
Хабари сафари ахири Аҳмади Масъуд ба Русия билофосила пас аз чаҳорумин нишасти Маскав дар бораи Афғонистон расонаӣ шуд, ки дар он намояндагони Толибон даъват нашуда буданд.
Бештар бихонед:
- Аҳмади Масъуд-раҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон куҷост ?
-
Дидори ҳайате аз гурӯҳи Толибон бо Аҳмади Масъуд дар Панҷшери Афғонистон
-
Парлумони Аврупо Аҳмади Масъудро ба нишасти Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст