Сафири Қирғизистон: Эрон санъати сирамики бо кайфият дорад
Сафири Қирғизистон дар Эрон маҳсӯлоти санъати серамиксоз(сафолгар)-ии Эронро бо кайфият тавсиф кард.
Турдакун Сиддиқов, сафири Қирғизистон дар Эрон дар ҳошияи боздид аз минтақаи вижаи иқтисодии Бирҷанд, маркази устони Хуросони Ҷанубӣ (шарқи Эрон), афзуд, фанноварӣ ва таҷҳизоти серамики Эрон нисбат ба гузашта тағйироти зиёде карда ва пешрафтатар шудааст. Сафири Қирғизистон дар Эрон гуфт: Эрон бо истифода аз зарфияти мутахассисони дохилӣ, шурӯ ба тавлиди фанноварӣ кардааст.
Ҳусайни Зореъӣ, раиси Созмони минтақаи вижаи иқтисодии Хуросони Ҷанубӣ ҳам гуфт, корхонаи ширкати фаннӣ ва муҳандисии "Электросадро" дар заминаи тарроҳӣ ва сохти анвоъи мошинолоти хутути тавлиди кошӣ ва серамики соли 2019 дар ин минтақа шурӯ ба кор кард. Вай ҳамчунин дар бораи корхонаи тавлиди чарм, ки сафири Қирғизистон аз он дидан кард, гуфт, ин воҳид низ аз соли 2019 дар минтақаи вижаи иқтисодии Бирҷанд шурӯ ба фаъолият кард ва солона се ҳазор тонн анвоъи чармро тавлид мекунад.
Сафири Қирғизистон дар Эрон рӯзи шанбе бо истиқболи муовини ҳамоҳангии умӯри иқтисодии устондори Хуросони Ҷанубӣ вориди Бирҷанд шуд. Сиддиқов, илова бар ҳузур дар минтақаи вижаи иқтисодии Бирҷанд, аз корхонаи “Кавиртойр” ва корхонаи тавлиди кошӣ ва серамик дар шаҳраки санъатии Бирҷанд дидан кард.