Ноябр 30, 2022 20:28 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди газӣ
    Иттиҳоди газӣ

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия аз ташкили иттиҳоди газӣ байни ин кишвар, Қазоқистон ва Узбакистон дар ояндаи наздик хабар дод.

Сарони Русия, Қазоқистон ва Узбакистон ахиран тасмим гирифтанд як иттиҳоди газӣ байни ин се кишвар ташкил диҳанд.

Тарҳи ташкили ин иттиҳод аз сӯи Владимир Путин, раисии ҷумҳурии Русия ироа шудааст.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, Димитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфт, идеяи эҷоди иттиҳоди газӣ байни ин се кишвар бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои се тараф бисёр муртабит асту манофеи ин кишварҳоро таъмин мекунад.

Песков гуфт, ин тарҳи як қаламрави бузургу васеъ дар як минтақаи муҳим аст, ки масирҳои таъмини энержӣ, газро барои се кишвар васл мекунад.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия хотирнишон кард, иқтисоди Қазоқистону Узбакистон аз ҷумла рушди тақозои дохилӣ барои газ ба суръат дар ҳоли тавсеа ҳастанд, илова бар ин, ҳар ду кишвар дар бозорҳои хориҷӣ низ тиҷорат мекунанд.