Декабр 12, 2016 10:52 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи аввалияи ҳамапурсии ислоҳоти Қонуни асосии Қирғизистон

Мардуми Қирғизистон дар ҳамапурсии рӯзи якшанбе ба ислоҳи Қонуни асосии ин кишвар раъй доданд.

Ба иттилои ИТАР-ТАСС, Комиссияи Марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи якшанбе эълом кард, ки тибқи натоиҷи ҳосил аз шумориши 95 дарсади орои ахзшуда дар ин ҳамапурсӣ, ҳудуди 79.6 дарсади раъйдиҳандагон ба ислоҳи Қонуни асосии ин кишвар раъйи мусбат додаанд.

Мутобиқи ин гузориш, 926 ҳазор нафар аз мардуми Қирғизистон ба ислоҳоти Қонуни асосии ин кишвар раъйи мувофиқ ва беш аз 178 ҳазор нафар низ раъйи мухолиф додаанд.

Бино бар эъломи Комиссияи Марказии интихоботи Қирғизистон, 58 ҳазор раъй низ махдуш будааст.

Раъйи мусбат ба ин ҳамапурсӣ, афзоиши ихтиёроти нахуствазирро дар пай хоҳад дошт ва мухолифони Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон муътақиданд, ҳадаф аз он тамдиди давраи ҳокимияти ӯст.

Қонуни асосии Қирғизистон ба Атамбоев иҷоза намедиҳад, дар поёни давраи раёсатҷумҳуриаш дар соли оянда барои як давраи дигар номзад шавад.