Қазоқистон нафти бештаре ба Эрон мубодила хоҳад кард
Вазири энержии Қазоқистон эълом кард, нафти бештаре ба Эрон ва ҳамчунин Чин аз тариқи SWAP (мубодила) хоҳад фурухт.
Қазоқистон бо унвони тарҳи SWAP нафт ба Эрон ирсол мекунад аз ин тариқ, ки сӯхт бо мошинҳои боркаш аз бандари Қазоқистон ба банодири шимолии Эрон таҳвил ва аз онҷо ба полоишгоҳҳои Эрон дар Табрезу Теҳрон ирсол мешавад. Эрон ба навбаи худ ҳамин миқдор нафтро ба нафткашҳои Халиҷи Форс ирсол мекунад.
Болат Акчулаков, вазири энержии Қазоқистон гуфт: Чунин иқдоме дар пешнависи нақшаи роҳи тавсеаи масирҳои ҷойгузини содироти нафт омадааст.
Вазири энержии Қазоқистон тасреҳ кард, ин кишвар қасд дорад масирҳои содироти нафтро бо Чину Эрон тавсеа диҳад.
Вай хотирнишон кард, аз ин рӯ бар тавсеаи масири ҳамлу нақли байналмилалии Трансхазар дар масири банодири Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистону Туркия ва ҳамчунин масирҳои содиротӣ ба Чину Эрон таъкид мешавад.