Декабр 17, 2022 21:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Созмони Милал ва надодани курси ба ҳукумати Толибони Афғонистон
    Таҳлил: Созмони Милал ва надодани курси ба ҳукумати Толибони Афғонистон

Созмони Милал бо нодида гирифтани дархости ҳукумати Толибон курси Афғонистон дар ин созмонро муҷададан ба Насир Аҳмадқоиқ вогузор кард.

Дар ҳоле, ки давлати Толибон Суҳайли Шоҳинро барои тасади намояндагии ин давлат ва Афғонистон муъаррифи карда буд Созмони Милал бо арди он Қоиқро муҷададан барои касби курси Афғонистон ибқо кард. Толибон дар ҳоле хоҳони курсии Афғонистон дар Созмони Милал аст, бо вуҷуди дархости ҷомеъаи байналмиллалӣ Толибон ҳануз тамоюли барои ташкили давлати фарогир дар Афғонисон нишон намедиҳанд ва ҳамчунон бар инҳисоргароӣ дар қудрат таъкид дорад.

Аз инру аз назари Созмони Милал Толибон ба унвони як давлати миллӣ ва фарогир салоҳияти касби курсии Афғонистон дар Созмони Милалро надорад.

Сайидисо Ҳусейнимазори коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин бора мегуяд: Толибон ҳануз ҳеҷ як аз шароити лозим барои ҳокимияти милли дар Афғонистонро эҷод накарда аст муҳимтарини ин шароит ташкили давлати фарогир бо ҳузури ҳамаи ақвом ва гурҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ аст, ки Толибон ҳеҷкадомро ба расмият намешиносад.

Афғонистон кишвари мутакасири қавмӣ ва мазҳабӣ ва сиёси аст, ки ҳар кадом хоҳони саҳми муносиби аз қудрат ва ҳокимият ҳастанд. 

аммо Толибон ки дар беш аз ду даҳҳаи гузашта таҷрубаи номувафақи ҳукумронии инҳисори дар Афғонистонро дорад ҳамчунон бар табли инҳисоргароӣ мегуяд ба гунае, ки сарони ақвом ва раҳбарони сиёӣ дар хориҷ аз Афғонистон ба шакли мутавори ҳастанд ва Толибон низ ҳеҷ тасмиме барои баргузории интихобот ва мушорикат додани ҳамаи ҷараёнҳои сиёсӣ ва қавми дар ҳокимият аз худ нишон намедиҳанд.

Мавзуъе, ки ҳамчунон бо мухолифати ҷомеъаи ҷаҳонӣ ру ба ру аст ахиран низ Русия аз Толибон хост бо ташкили давлати фарогир барои эҷоди амнияти пойдор дар Афғонисон талош кунад.

Ғуломҳусейни Носирӣ коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин бора мегуяд: Толибон барои шиносоӣ байналмилали бояд ба илзомоти як давлати миллӣ ва фарогир пойдор бошад, ки муҳимтарини он дар арсаи сиёсӣ, ташкили аҳзоб ва барогузории интихобот дар сутуҳи мухталиф аст. Ин дар ҳоле аст, ки Толибон ҳеҷ эътиқоди ба иҷрои чунин илзомоти надорад ва ҳамчунон бар инҳисоргароӣ дар қудрат таъкид дорад, ки таҷрубаи шикастхурда барои Толибон аст.

Дар ҳарҳол ради дархости Толибон барои касби курсӣ Афғонистон дар Созмони Милал мухлифати ошкор бо навъи ҳукумронии ин гуруҳ дар Афғонистон аст ва нишон медиҳад ки Толибон натавониста аст назари ҷаҳониро барои шиносоӣ байналмиллалии ин гуруҳ ҷалб намояд ин ба он маъон аст, ки Толибон бо гузашти беш аз як сол аз ҳокимияти муҷадад дар Толибон натанҳо ҳуқуқи шаҳрвандии мардуми Афғонистон бахусус занон ва духтаронро ҳатто дар бахши омузиш таъмин накарда аст балки бахши умдаи аз ҷараёнҳо ва гуруҳҳои сиёсии хориҷ аз ҳокимият қарор доранд ва ба шакли мухолифон дар кишварҳои мухталиф пароканда ҳастанд.

Дархости Юнисеф аз давлати Толибон дар Афғонисон барои бозгушоӣ комили мадрасаҳои духтарона

Аз инру мухолифати Созмони Милал бо вогузории курсӣ Афғонистон дар Созмони Милал ба Толибон бояд ҳушдори ҷидди ба ин гуруҳ талақи шавад, ки бо бознигари дар рафтори ҳукумронияш назари ҷомеъаи ҷаҳониро ҷалб ва шароиро барои шиносоӣ байналмилали фароҳам кунад дар ғайри ин сурат Толибон наметавонанд мавқеъияти байналмилали барои худ касб намоянд вазъияте, ки мардуми Афғонистонро низ дучори чолиши ҷидди мекунад ин мавзуъ дар гузориши созмонҳои байналмилали дар мавриди коҳиши кумакҳои ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон комилаш машҳуд аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп