Мушорикати роҳбурдӣ меҳвари ройзании мақомоти Узбекистону Покистон
Сарпарасти вазорати умӯри хориҷаи Узбекистону вазири умӯри хориҷаи Покистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо якдигар ба манзури таҳкими мушорикати роҳбурдии дуҷониба тавофуқ карданд.
Чандмоҳ пеши мақомоти Покистону Узбекистон, тавофуқномаеро барои густариши сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба як миллиард доллар имзо карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, Бахтиёр Саъидов, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Узбекистон ва Биловел Буту Зардорӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо якдигар, омодагии мутақобили худашонро барои таҳкими шарокати роҳбурдии дуҷониба ва басиҷи потансиали мавҷӯд барои иҷрои ҳамаи тавофуқоти ба даст омада дар чорчӯби сафарҳои дар сатҳи олӣ иброз карданд.
Тарафайн ҳамчунин дар мавриди дастури кори равобити дуҷониба ва минтақаӣ табодули назар ва барномаи маросимҳои муштараки қарибулвуқуъро ҳамоҳанг карданд.
Гуфтанист, ки ҳаҷми тиҷорати Покистону Узбекистон дар соли 2021 беш аз 181 миллион доллар будааст.