Қатъи барқи воридотии Узбекистон ба Афғонистон
Барқи воридотии Узбекистон ба Афғонистон рӯзи ҷумъа ба иллати нақси фаннӣ дар шабакаи интиқоли барқ қатъ шуд .
Ҳафтоду панҷ дарсад барқи мавриди ниёзи Афғонистон воридотӣ аст, ки аз Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ворид мешавад .
Ҳар сол дар фасли зимистону сармои ҳаво мизони воридоти барқ аз кишварҳои ёдшуда маъмулан коҳиш меёбад .
Афғонистон солона ҳудуди 280 миллион доллар бобати хариди барқ аз кишварҳои ҳамсояу минтақа ҳазина мекунад .
Ба гузориши хабаргузории Садо Симо аз Кобул, бо қатъи барқи воридотии Узбекистон ба Афғонистон дар рӯзи ҷумъа ба иллати нақси фаннӣ дар шабакаи интиқоли барқ бори дигар бахши васеъӣ аз шимоли кишвар дар торикӣ фурӯ рафт . Қатъи барқи Узбекистон дар ҳоле аст, ки шаҳрвандони бештари устонҳои шимолӣ бавижа Кобул-пойтахти Афғонистон рӯзҳои ба шиддати сардеро таҷриба мекунанд .
Идораи барқи Афғонистон ( Брешно ) афзуд : Масъӯлони идораи барқи Узбекистон гуфтаанд талошҳо барои рафъи мушкили фаннӣ ва азсаргирии содироти барқ ба Афғонистон идома дорад . Барқи воридотии Узбекистон дар Кобул ва ёздаҳ устони Афғонистон мавриди истифода қарор мегирад.
Чанде қабл раёсати барқи Афғонистон қарордоди воридоти барқ аз Узбекистонро то як соли дигар тамдид кард .
Барқи воридотии Туркманистон ба устони Ҳирот низ ду рӯз қабл қатъ шуда буд, аммо раёсати барқи Афғонистон аз васли дубораи ҷараёни барқи Туркманистон хабар дод.
Бештар бихонед :