Сармоягузорӣ ва тавсеаи равобит меҳвари ройзании мақомоти Қазоқистон ва Ҷопон
Дар дидори муовинони ниҳодҳои дипломатии Қазоқистон ва Ҷопон вазъият ва чашмандози тавсеаи мушорикати дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона баррасӣ шуд.
Роман Василенко, муовини вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Yumi Ishikawa, муовини порлумонии вазорати хориҷаи Ҷопон дидору гуфтугу карданд.
Дар ин дидор, ки дар Остона баргузор шуд, ду тараф вазъияти мавҷӯду фурсатҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро баррасӣ карданд.
Василенко бо ибрози хурсандӣ аз инки дар тули 30 соли равобити дипломатӣ байни ду кишвар ҳамкории созанда эҷод шуда, омодагии комили худро барои тавсеаи бештари мушорикати ҳамаҷониба бо тарафи ҷопонӣ иброз дошт.
Муовини порлумонии вазорати хориҷаи Ҷопон ба навбаи худ аз сатҳи болои ҳамкорӣ байни Остона ва Токио дар чорчӯби ниҳодҳо ва маҷомеи байналмилалӣ монанди Созмони милал, гуфтугуи Осиёи Марказӣ + Ҷопон ва ҳамчунин дар чорчӯби Низоми халъи силоҳ ва манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, қадрдонӣ кард.
Дар поёни ин музокирот ду тараф тавофуқ карданд, ки бар рӯи танаввуъбахшидан ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар заминаҳои монанди диҷиталисозӣ, энержии сабз, ҳамлу нақлу луҷистик тамаркузи бештаре дошта бошанд.