Афзоиши талафот дар зимистони сарди Афғонистон
Бо коҳиши дамои то 30 дараҷа сонтиград зери сифр, мардуми Афғонистон рӯзҳои сахтеро таҷруба мекунанд, шумори талафоти сармо дар рӯзҳои ахир ба беш аз 20 нафар расидааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, ҳукумати Толибон эълом кард: Фақат дар чаҳор рӯзи гузашта шонздаҳ нафар дар устонҳои Бодғис, Нимрӯз, Форёб ва Ғазнӣ бар асари сармо ва яхзадагӣ ҷони худро аз даст доданд, ҳамчунин шаш зан ва кӯдак дар ду устони Ҷузҷон ва Қандаҳор бар асари шиддати сармо ҷон бохтаанд.
Идораи мубориза бо маводи мухаддири устони Ҳирот низ эълом кард: Аз оғози фасли зимистон то кунун чиҳилу панҷ муътод ба маводи мухаддир, ки дар фазои боз зиндагӣ мекарданд ба иллати сармои ҳаво ҷони худро аз даст доданд, ҳамчунин ҳазорон рас дом аз ҷумла беш аз се ҳазор рас фақат дар устони Бодғис дар шимолу ғарби Афғонистон бар асари сармои шаддид талаф шудааст.
Дар сармои шаддиди зимистони имсол, Узбакиситон низ барқи худро ба Афғонистон қатъ карда ва дилели онро нақзи фаннӣ эълом кардааст. Дар чунин шароити сармо бебарқӣ, мардуми Афғонистон ба вижа шаҳрвандони Кобулро озор медиҳад. Ҳам хонанишинҳо ҳам косибҳои шаҳри Кобул ба далели набуди барқ бо машақати зиёде шабу рӯзи худро сипари мекунанд.
Аз сӯйи дигар фақру гурӯснагӣ гиребонгири мардум Афғонистон аст ва бисёре аз хонаводаҳо ҳатто тавони хариди маводи сӯхт барои гарм кардани худ ва хонаҳояшонро надоранд.