Тиҷорат меҳвари ройзании мақомоти Қазоқистон ва Иттиҳоди Авруосиё
(last modified Fri, 03 Feb 2023 14:50:41 GMT )
Феврал 03, 2023 19:50 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорат меҳвари ройзании мақомоти Қазоқистон ва Иттиҳоди Авруосиё

Раиси ҳайати мудираи Камиссиюни иқтисодии Авруосиё бо нахуствазири Қазоқистон дидор ва дар мавриди масоили бозаргонӣ гуфтугӯ карданд.

Намояндагони кишварҳои минтақаии Авруосиё дирӯз (панҷшанбе) дар Алмаато дар Қазоқистон ташкили ҷаласа доданд. Дар ҳошияи ин нишаст, дидорҳои дуҷонибаи мутааддиде анҷом гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Михаил Мясников, раиси ҳайати мудираи Камиссиюни иқтисодии Авруосиё дар ҳошияи нишасти Шӯрои байнидавлатии Авруосиё бо Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон дидор кард.

Дар ин дидор рафъи мавонеъи ҳамкориҳо дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, иҷрои асноди стротежии тасвиб шуда ва ҳамчунин фаъолиятҳои Камиссиюни тиҷорӣ. баррасӣ шуд.