Феврал 06, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ба зуди духтарон иҷозаи таҳсилро пайдо мекунанд
    Толибон: Ба зуди духтарон иҷозаи таҳсилро пайдо мекунанд

Муъовини Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибони Афғонистон аз бартарарф шудани мавонеъи таҳсили духтарон дар ин кившар дар ояндаи наздик хабар дод.

Гурӯҳи Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон дар 15-уми августи соли 2021 мактабҳои  духтаронаи болотар аз мақтаи шашумро таътил карда ва алирағми ваъдаҳои зиёд ҳанӯз ин мақотеъро бозкушои накардааст ва ахиран низ таҳсили духтарон дар донишгоҳҳоро ҳам мамнуъ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садои Афғон, Лутфуллоҳ Хайрхоҳ муъовини Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибони Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, ин Вазорат барои боз кардани донишгоҳҳо ба рӯйи духтарон, кор рӯи тарҳи хосро оғоз карда ва ин тарҳ ба зуди ниҳоӣ хоҳда шуд.

Лутфуллоҳ Хайрхоҳ афзӯд, " ба зуди духтарон иҷозаи таҳсил дар чорчӯби шариъати исломӣ" хоҳанд дошт.

Бештар бихонед:

Барчасп