Сентябр 12, 2022 09:10 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Мардуми Афғонистон намехоҳанд, ки духатронашон ба мактаб раванд
    Толибон: Мардуми Афғонистон намехоҳанд, ки духатронашон ба мактаб раванд

Сарпарасти Вазорати маорифи давлати Толибони Афғонистон муддаӣ шуд, мардуми ин кишвар намехоҳанд духтарони худро ба мактаб бифиристанд.

Нуруллоҳи Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи давлати Толибон имрӯз якшанбе гуфт: “Мактабҳои духтарона дар Афғонистон ба далели «мушкилоти фарҳангӣ» таътиланду мардум дар шароит феълӣ намехоҳанд духтарони худро ба мактаб бифиристанд”.

Нуруллоҳи Мунир афзуд, агар ба хостаҳои мардум тавваҷуҳ нашавад, мардум шӯриш мекунанд.

Гуруҳи Толибон пас аз ба қудрат расидан дар 15 августи 2021 мактабҳои  духтаронаро дар бахши роҳнамоӣ ва дабиристон бо ҳадафи анҷоми бархе ислоҳот таътил кардааст.

Аммо бештари мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муътақиданд, Толибон ба тадриҷ ҳуқуқи афғонҳо ва ба вижа бонувонро маҳдуд карданду монеи бозгашти онҳо ба мактаб шуданд ва иҷоза надоданд занон дар бисёре аз машоғили давлатӣ ба кор гирифта шаванд.