Толибон: Ҳанӯз шароите барои таҳсил ва омӯзиши духтарон омода нест
(last modified Thu, 11 May 2023 05:30:57 GMT )
Май 11, 2023 10:30 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ҳанӯз шароите барои таҳсил ва омӯзиши духтарон омода нест
    Толибон: Ҳанӯз шароите барои таҳсил ва омӯзиши духтарон омода нест

Сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати Толибони Афғонистон мегӯяд, ҳанӯз шароит барои таҳсил ва омӯзиши духтарони афғон мусоид нашудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳабибуллоҳ Оғо, сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати Толибони Афғонистон дирӯз (чаҳоршанбе) дар паёми видиоие гуфт: Ҳар замоне, ки шароити таҳсил ва омӯзиши занон ва духтарон мусоид шавад, барои духтарон иҷозаи таҳсил дода хоҳад шуд.

Пештар Антониу Гутерреш Дабирии кулли Созмони Миллал дар гузорише ба  Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид гуфта буд, ки Толибон Афғонистонро ба танҳо кишваре дар ҷаҳон табдил карда, ки таҳсили  духтарон дар он манъ аст.

Дар ҳамин ҳол муовини ҳайати Созмони Миллал дар Афғонистон бозгӯшоии комили мактабҳои духтарона дар Афғонистонро хостор шуд.