Июл 21, 2024 12:07 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди гурӯҳи муқобила бо таҳдидҳои Афғонистон дар СПАД

Дабири кулли СПАД дар нишасти Шӯрои амнияти СММ изҳор дошт як гуруҳи кории муштарак барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон ташкил додааст.

Ба гузориши Садои Хуросон , Имонгелдӣ Тосмуғамбетов дар ин замина гуфт: Таҳдидҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон сарчашма ме‎гирад ва ин таҳдидҳо ахиран афзоиш ёфтааст.

 Вай дар нишасти Шӯрои амният изҳор дошт терроризм, қочоқ маводи мухаддир ва идологияи ифроти дар Афғонистон шакли тозае ба худ гирифтааст ва ҳамчунон таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи марказӣ маҳсуб мешаванд.

Тосмуғамбетов ҳамчунин тасреҳ кард ин созмон барои коҳиши таниш дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон иқдомоти амалӣ анҷом дода ва барои тақвияти он талош мекунад.

 Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки Амирхон Муттақӣ- вазири хориҷаи Толибон ба тозагӣ таъкид кард марокизи гурӯҳи террористии ДИИШ ва гурӯҳҳои мушобеҳ дар бархе кишварҳои минтақа ҳузур доранд ва ҷаҳон бояд барои нобудии онҳо иқдом кунад.

 Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон низ пеш аз ин нигаронии кишварҳои узви СПАД дар бораи таҳдид аз Афғонистонро бемаврид хонда буд.

 

Барчасп