Феврал 19, 2023 11:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Узбакистон ва Комисорёи олии Созмони Милал
    Дидори мақомоти Узбакистон ва Комисорёи олии Созмони Милал

Дар дидори намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар Афғонистон ва мушовири аршади Комисорёи олии Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳандагон дар шаҳри Тошканд дар мавриди ҳамкории мутақобил табодули назар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исматулло Эргашов, намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон ва Франк Ремус, мушовири аршади Комисорёи олии Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳандагон дар шаҳри Тошканд дидор ва дар мавриди дастури кори муштарак ва ҳамкории мутақобил табодули назар карданд.

Намояндаи Комисорёи олии Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳандагон талошҳои Узбакистонро дар ироаи кумакҳои ҳамаҷониба ба мардуми Афғонисон ва ҳамчунин фароҳами имконот барои интиқоли борҳо ба Афғонистон аз тариқи маркази ҳамлунақл ва логестикии байналмилалӣ чанманзура ҷиҳати ироаи кумакҳои башардустона дар шаҳри Тирмиз, ки ба ибтикори Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳур эҷод шуд бисёр арзишманд хонд.