Декабр 17, 2016 19:18 Asia/Dushanbe
  • Авлавияти Қазоқистон: Густариши ҳамкорӣ бо Русия ва Чин

Раисиҷумҳури Қазоқистон густариши ҳамкориҳо бо Русия, Чин, Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро авлавияти сиёсати хориҷии он кишвар эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоев дар суханоне дар маросими 25-умин солгарди истиқлоли ин кишвар гуфт, авлавиятҳои Қазоқистон бидуни тағйир боқӣ мемонад ва Қазоқистон монанди қабл аз сиёсати фаъол ва ҳамаҷониба барои муқобила бо таҳдидҳои қарни 21 ва таъмини манофеъи миллии баландмуддати кишвар пайравӣ мекунад.

Вай бо ишора ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсё гуфт,  Қазоқистон мубтакири идғоми модели ҷадиди равобити иқтисодӣ аст, ки имрӯзи кишварҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия узви он ҳастанд.

Назарбоев ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Евразия барои ҳамкории бештар ва мушорикат дар тарҳҳои ҳамгароӣ даъват кард.

Иттиҳоди иқтисодии Евразия, аз январи соли 2015 фаъолияти худро ба таври расмӣ оғоз кард.

 

Барчасп