Март 02, 2023 17:57 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони Ҷумҳурии Узбекистон ва Озарбойҷон бар густариши равобити дуҷониба

Раисони Ҷумҳурии Узбекистону Озарбойҷон дар дидор бо якдигар бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз ҷумлаи иқтисодӣ таъкид карданд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон ва Илҳом Алиев-раиси ҷумҳӯри Озарбойҷон дар дидор бо якдигар дар шаҳри Боку бо баррасии иҷрои тавофуқоти ба даст омада дар сатҳи олӣ, дар хусӯси масоили рӯзи байналмилалӣ ва минтақаӣ низ ройзанӣ карданд.