Март 03, 2023 16:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Остонаву Маскав
    Ҳамкории Остонаву Маскав

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо ишора ба равобити Остона бо Маскав гуфт, аз сӯи Русия эҳсоси хатар намекунем.

Мухтор Тилавбердӣ, вазири умури хориҷаи Қазоқистон гуфт, ин кишвар иҷоза нахоҳад дод, ки аз хоки худ барои ҳеҷ гуна таҳоҷуму таҳрим истифода шавад, аммо дар ҳоли ҳозир мо ҳеҷ хатар ё таҳдиде аз сӯи Федератсияи Русия намебинем ва эҳсос намекунем.

Тилавбердӣ афзуд, Қазоқистон яке аз аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, кишварҳои ИДМ, ҳамроҳ бо соири кишварҳое аст, ки бо Русия ҳаммарз ҳастанд ё дар ин минтақа қарор доранд, бинобарин мо робита бо Маскавро ба унвони як иттиҳод медонем, ки дар чорчӯби ин сохторҳои чандҷониба амал мекунад.

Вазири хориҷаи Қазоқистон ҳамчунин таъкид кард, ки равобити дуҷониба байни Остонаву Маскав чорчӯби қонуниву муҳкаме вуҷуд дорад.

 

Барчасп