Ифтитоҳи ширкати муштараки тиҷорӣ байни Узбакистон ва Қазоқистон
(last modified Sun, 05 Mar 2023 07:31:58 GMT )
Март 05, 2023 12:31 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи ширкати муштараки тиҷорӣ байни Узбакистон ва Қазоқистон
    Ифтитоҳи ширкати муштараки тиҷорӣ байни Узбакистон ва Қазоқистон

Узбакистон ва Қазоқистон як ширкати муштараки тиҷорӣ ифтитоҳ карданд.

Қазоқистон аз бузургтарин шарикони бозаргонии Узбакистон маҳсуб мешавад ва арзиши мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2022 мелодӣ 5 миллиард доллар буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Узбакистон ва Қазоқистон як ширкати тиҷории муштарак ифтитоҳ карданд, ки ҳадафи он афзоиши мубодилоти бозаргонӣ ва ҳамчунин вуруд ба бозорҳои кишварҳои севум аст.

Маркази рушди сиёсатҳои тиҷорати Қизтерди Қазоқистон ва ширкати Узтерди Узбакистон муассисони ин ширкати содироти ва воридоти ҳастанд.

Нурали Бекихонов, раиси макази рушди сиёсати тиҷорати Қазоқистон гуфт: Дар марҳалаи аввал барномарези шуд аз Узбакистон мева ва сабзиҷот харидори шавад то ниёзҳои бозори дохилии мо таъмин шавад илова бар ин мо ба фуруши фаровардаҳои ори Қазоқистон дар Узбакистон бо имконоти содирот ба Афғонисон кумак хоҳем кард.