Март 08, 2023 19:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон

Вазири умури хориҷаи Туркманистон дар чорчӯби як сафари дурӯзаи расмӣ вориди Душанбе (пойтахти Тоҷикистон) шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон, ки имрӯз - чаҳоршанбе ба даъвати расмии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон вориди Душанбе шуд, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунад.

Ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин омодагӣ ба нишасти ояндаи сатҳи олии ду кишвар, ки қарор аст дар моҳи июли соли ҷорӣ баргузор шавад, аз мавзуоти аслии музокироти ду тараф ба шумор меравад.

 

Барчасп