Март 11, 2023 17:25 Asia/Dushanbe
  • Сарпарасти вазорати тиҷорати Афғонистон: Марзи Дуғорун- Исломқалъа 24 соата хоҳад шуд

Сарпарасти вазорати саноат ва тиҷорати Афғонистон таъкид кард, мутобиқи тавофуқҳои суратгирифта, марзи Дуғорун-Исломқалъа дар шаҳристони Тойбод ва вилояти Ҳирот 24 соата хоҳад шуд.

Нуруддин Азизӣ, сарпарасти вазорати саноат ва тиҷорати Афғонистон, имрӯз ( шанбе ) дар ҷараёни боздид аз марзи Дуғорун бар равонсозии транзит ва тиҷорат байни 2 кишвари Эрон ва Афғонистон таъкид кард ва гуфт, кӯшиш мешавад манобеи лозим барои 24 соата кардани ин марзи муҳим таъмин шавад.

Вай фзуд, дар хусуси иҷрои ҳусни ҳамҷворӣ ва тиҷорат байни 2 кишвари ҳамсоя, ба думболи истифода аз таҷориби бозаргонони эронӣ ва афғонистонӣ ҳастем.

 

Барчасп